• orkestr@orkestr.tj
  • +992(37)239-00-58
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Борбад-1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ
СИМФОНӢ”-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Маълумотнома дар бораи муассиса

    Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ” меваи пурмаҳсули даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз мебошад, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 8 августи соли 2016 таҳти рақами 735 “Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст. Ин иқдоми таърихии Роҳбарияти Олии кишвар дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин ҳаккокӣ гардида, нуфузу обруи кишвари соҳибистиқлол ва миллати фарҳангофари тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам болотар гардонид.

 Бори аввал Оркестр дар барномаи консертии ҷашни 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрои асарҳои зерин таҳти сарварии дирижёрон Далер Тиллоев ва Ҷаннат Ҳусейнзода ширкат варзида, аз арзи ҳастӣ намуданаш ба ҳаводорони санъати мусиқии касбӣ дарак дод:

1. Ш.Сайфиддинов “Валс” аз кинофилми  Зумрад.

2. И.Штраус “Радетский марш”

3.  Ҷ.Ҳусейнзода “Валс” пйесаи консертӣ барои оркестри симфонӣ

4. А.Тошматов “Тоҷи давлат” суруд барои яккахон ва оркестри симфонӣ, шеъри Н.Ниёзӣ

5. С.Билолов “Ҳама шоир, ҳама мутриб” суруд барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, шеъри Б.Собир

       Ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини бино ва асбобҳои мусиқии оркестрӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд.

Дар ибтидо масъулияти роҳбарии оркестр, ҷалби ромишгарону мутахассисон ва ташаккули репертуарро Тиллоев Далер Самадович ҳамчун сардирижёр бар уҳда дошт.

       15 августи соли 2017 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти рақами АП-927 Солизода Олимҷон Алиҷон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Ҳини қабул Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ӯро ба муносибати ноил гардидан ба боварии эшон табрик намуда, фотеҳаи нек дода, маслиҳату насиҳат намуда, барои расидан ба ҳадафҳои худашон оиди ташкили оркестр дастуру ҳидоятҳо доданд. Аз ҷумла Президенти муҳтарам маслиҳат доданд, ки “дар ҷараёни  фаъолияти ҳунарии оркестр ва ташаккули репертуари он на танҳо ба асарҳои симфонии композиторони класссикаи ҷаҳонию муосир ва асарҳои оҳангсозони тоҷик такя кунед, балки барномаҳои дардхӯри замони навро низ  таҳия ва пешниҳод намоед,  Ба миллизми асарҳо аҳамияти аввалиндараҷа дода, тавассути ворид намудани созҳои миллӣ ба ҳайати оркестр ҷаззобияти онҳоро беҳтару бештар созед”. Ин дастури ҳакимонаи Пешвои муаззами миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  раҳнамои доимии роҳбарият ва мутахассисони бахши таҳиягарии барномаҳои оркестр дар тӯли фаъолияташ гардид.

       Фаъолияти муассиса  аз  моҳи сентябри соли 2017  дар суроғаи  кӯчаи Борбад 1 расман оғоз гашт.     

         Ҳоло Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам чун як ниҳоди неруманди санъати мусиқии касбии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо репертуари бою рангини ҷавобгӯйи сатҳи ҷаҳонӣ фаъолияти худро ба роҳ монда, гули сари сабади барномаҳои сатҳи олӣ мебошад.