• orkestr@orkestr.tj
  • +992-446-20-4242
  • ш. Душанбе н. Фирдавсӣ к.Борбад-1
МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “ОРКЕСТРИ ДАВЛАТИИ СИМФОНӢ”-И ДАСТГОҲИ ИҶРОИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар таърихи 22 октябри соли 2021 маҳфили эҷодӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 40-солагии фаъолияти эҷодии композитори маъруф, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амирбек Мусозода дар толори консертии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки мулоҳизаҳои арбобони ҳунар ва шоиронро рӯи саҳифа меорем.

Толибхон Шаҳидӣ

Оҳангҳои эҷодкардаи Амирбек Мӯсо ҳамоҳангии ҳақиқии лаҳнҳои қадимӣ, фолклор ва гармонияи имрӯзаро таҷассум мекунад.

Амирбеки Мӯсо эҷодкори ҷӯяндаву дақиқкор аст.

Талаб Саттор

Мусиқии имрӯз ба андозае бойу гуногунранг аст ва он қадар сабку усулҳоро дорост, ки пайдо намудани роҳу пайраҳаи худ барои ҳар як ҷодкор басо душвор аст.

Амирбеки Мӯсо аз он оҳангсозонест, ки дар ин ҷода бо пайраҳаи худ равон аст. Уме даст,ки ин роҳ ӯро ба манзили мақсуд мерасонад, зеро Амирбек набзи замонавиро хело хуб эҳсос мекунад. Дар ҳар як савту наво ва сурудҳои ӯ муҳаббату самимият эҳсос мешавад, аз ин рӯ, зуд ба қалбу зеҳнҳо роҳ меёбад.

Бигузор парвози ӯ дар фазои ҳунар баландтару тӯлонитар гардад.

Низом Қосим

Алоқамандони ҳунар Амирбеки Мӯсоро хуб медонанду меписанданд. Ва на танҳо дар Тоҷикистон, зеро суруду оҳангҳои зиёдаш дар озмуни машҳури «Садои Осиё», фестивалҳои мусиқии Самарқанд ва Бобулистон, саҳнаҳои ҳунари Русияву Олмон иҷро ва писанди хотираҳо гардидаанд.

Ҷиҳати хубе, ки дар фаъолияти Амирбеки Мӯсо мушоҳида мешавад, заҳматкашӣ ва пуркорист. Заҳматкашиву пуркорие, ки пайваста меваҳои ширин бор меорад, барномаҳои дастаҳои ҳунарӣ ва сарояндагон дар алоҳидаро бойу рангинтар месозад.