Бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани беҳтарин осори композиторони тоҷик, як ниҳоди хеле бонуфузи санъати миллӣ — Оркестри давлатии симфонии назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Оркестр тайи чанд соли охир фаъолияти худро бо ҷалби гурӯҳи зиёди ҷавонони боистеъдод пурсамар ба роҳ мондааст. Дар назар аст, ки оркестри мазкур ба яке аз дастаҳои шуҳратёри санъати мусиқии Тоҷикистон табдил ёфта, дар сатҳи ҷаҳони мусиқии умумибашарӣ мавқеи устувор ишғол намояд.
Categories: Дастгириҳо