Маълумотнома дар бораи муассиса
Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди даврони соҳибистиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистони буда, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 августи соли 2016, таҳти №735 «Дар бораи таъсиси Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст.
Дар ҳайати оркестри давлатии симфонӣ мутрибони касбӣ тахассусӣ аз ҳисоби хатмкардагони Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабшо Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ва коллеҷу мактабҳои махсуси мусикии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси озмун шомил гаштаанд.
Бори нахуст Оркестри симфонӣ дар барномаи консертӣ бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иҷрои асарҳои пурмуҳтаво аз ҷумлаи: Шарофиддин Сайфиддинов «Валс» аз кинофилми «Зумрад», И. Штраус «Радетский марш», Ҷ. Ҳусейнзода «Валс» пйесаи консертӣ барои оркестри симфонӣ, А.Тошматов “Тоҷи давлат” суруд барои яккахон ва оркестри симфонӣ, шеъри Н.Ниёзӣ. С.Билолов «Ҳама шоир, ҳама мутриб» суруд барои яккахон, хор ва оркестри симфонӣ, шеъри Б.Собир бо сарварии дирижёрон Далер Тиллоев ва Ҷаннат Ҳусейнзода ба намоиш гузошта шуд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини бино ва асбобҳои мусиқии оркестрӣ чораҳои заруриро роҳандозӣ намуд.
Дар ибтидо масъулияти роҳбарии оркестр, ҷалби мутрибону мутахассисон ва ташаккули репертуарро Тиллоев Далер Самадович ҳамчун сардирижёр бар ӯҳда дошт.
15 августи соли 2017 бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти № АП-927 Солизода Олимҷон Алиҷон ба вазифаи директори Муассисаи давлатии «Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.
Фаъолияти муассиса аз моҳи сентябри соли 2017 дар суроғаи кӯчаи Борбад-1 расман оғоз гардид.
Ҳоло Оркестри давлатии симфонии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як ниҳоди неруманди санъати мусиқии касбии Тоҷикистон бо репертуари бою рангин фаъолияти худро ба роҳ монда, пай дар пай кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки аз ҳисоби эҷоди композиторони тоҷик ва композиторони ҷаҳони муосир асарҳои пурғановатро коркард намуда, феҳристи оркестрро ғанӣ гардонида истодааст. Қобил аст дар тамоми озмуну фестивал ва ҷашнворю фильмҳои ҷаҳонӣ риштаи ҳамкорӣ бубандад.