Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон
Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон — муассисаи давлатии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2016 таъсис дода шудааст.
Ҳайати оркестр то январи соли 2019 пурра аз 122 нафар мусиқинавозон-ромишгарон иборат буда, онро 2 дирижёр — Далер Тиллоев (сардирижёр) ва Алишер Солиев (дирижёр), инчунин 2 нозири соҳаи мусиқӣ (инспекторон) роҳбарӣ мекунанд. Дар назди оркестр ансамбли камеравӣ (18 нафар) ва оркестри эстрадӣ-симфонӣ (16 нафар) фаъолият мекунанд.
Репертуари оркестр аз асарҳои композиторони муосири тоҷик ва ҷаҳонӣ бой аст. Аз ҷумла:
– Шарофиддин Сайфиддинов — «Валс» аз к/ф «Зумрад»,
– Ю. Тер-Осипов,
– Фазлиддин Шаҳобов,
– Шоҳназар Соҳибов — «Достони симфонӣ»-и «Сегоҳ»,
– Амирбек Мусоев — Сюитаи симфонии «Само»,
– А. Одинаев — «Фалак» барои рубоб, думбра бо ҷӯршавии оркестри симфонӣ,
– З. Раҳимзод — «Манзараи симфонӣ» барои фортепиано бо оркестри симфонӣ ва дигар сурудҳо.
Асарҳои композиторони классик низ репертуари оркестрро ғанитар гардондаанд. Аз ҷумла:
– Ҷ. Верди — «Баллабиле» аз операи «Аида»,
– А. Бородин — «Рақси қипчоқӣ» аз операи «Княз Игор»,
– П. Чайковский — «Валс» аз балети «Кӯли қувон» ва ғ.
Ансамбли камеравӣ ва оркестри эстрадӣ-симфонӣ низ репертуари хоси худро доранд ва дар консертҳои сатҳи ҳукуматӣ мунтазам ҳунарнамоӣ мекунанд.
Нахустин консерти «Оркестри давлатии симфонӣ» 12-уми ноябри соли 2018 дар толори фарҳангии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин консерт 17 асар ва сурудҳои гуногунмазмун, аз ҷумла қисми 1-уми Симфонияи №40-и В. Мотсарт, қисми 1-уми Симфонияи №5-и Л. Бетховен, сарахбори операи «Кармен»-и Ж. Бизе, сюитаи симфонии «Само»-и Амирбеки Мусо ва «Навои шарқӣ»-и Д. Тиллоев садо доданд.
Дар ташаккули фаъолияти муассиса, ҳамчун коргоҳи мустақил, саҳми директор Олимҷон Солизода ва дирижёрон Далер Тиллоев ва Алишер Солиев бузург аст.